Баргузории даври интихобии олимпиадаи байналмилалии физика “IPhO-2025”

Имрӯз, 9-уми апрели соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо даври интихобии Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика “IPhO-2025” баргузор гардид. Дар даври интихобӣ 36 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ширкат варзида, миёни ҳам донишозмоӣ намуданд.

Олимпиадаи мазкур сатҳи олӣ буда, бо ҳадафи афзоиши таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанни физика, мусоидат ба рушди истеъдодҳо ва фароҳам овардани шароит барои ҳамкории судманд миёни хонандагон ва омӯзгорони кишварҳои гуногун мебошад. Дар он хонандагони 80 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, даври ниҳоии Олимпиада аз 17 то 25 июли соли 2025 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мегардад.


Comments

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *